Хабар
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандонро ифтитоҳ ва бо сокинони деҳаи Пушинг мулоқот намуданд
Опубликовано чт, 23/05/2019 - 10:37 пользователем adminДар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.
Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд — Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.
Боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ифтитоҳ гардид
Опубликовано чт, 23/05/2019 - 10:36 пользователем adminДар назди таваллудхона ва паҳлӯи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” сайргоҳи мардум табдил дода шуд.
Масоҳати боғчаи фароғатӣ 0,70 гектарро ташкил дода, он ба таври замонавӣ бо истифода аз таҷҳизоти равшанидиҳанда оро дода шудааст. Равшан шудани роҳравҳо, бо чароғҳои ранга кашидани суратҳои диққатҷалбкунанда, 2 суҳбаткада ва нишастгоҳҳо аз ороишоти маркази истироҳату фароғат мебошад.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 1799
- 1800
- 1801
- 1802
- 1803
- 1804
- 1805
- 1806
- 1807
- …
- следующая ›
- последняя »

