САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА ДАНҒАРА: дар деҳаи Пушинг таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор гирифт
Опубликовано чт, 23/05/2019 - 10:35 пользователем adminДар маркази деҳаи Пушинг бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таваллудхонаи муосир дар шафати муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ ёфт.
Беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

