МАРҲАБО БА ИДИ АСАЛ! Занбӯрпарварон аз 50 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтарин намуди асалро пешкаши сокинон менамоянд

2 июни соли равон, соати 9:00 дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Иди асал доир мегардад. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иди мазкур ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он занбӯрпарварон аз 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ беҳтарин намудҳои асалро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Аз ҷумла, занбӯрҳои асали зинда, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз асал омода гардида, асбобу лавозимоти парвариш ва ба даст овардани ҳосили асал, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд.

Зимни намоишгоҳи мазкур иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдор дар назар дошта шудааст.

Дар ин маъракаи идона барои интихоби асалпарвари беҳтарин озмун гузаронида мешавад. Ғолибони озмун, ки аз тарафи комиссияи тадорукот муайян мешаванд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз мегарданд.

Инчунин дар Иди асал меҳмонон ва сокинони пойтахт аз барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, сипас маҳсулоти ба тамошо гузоштаро метавонанд бо нархҳои дастрас харид намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: