Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд
Опубликовано пн, 24/06/2019 - 10:50 пользователем admin24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

