Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор барои бунёди биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Шуъбаи маориф санги асос гузоштанд
Опубликовано пн, 24/06/2019 - 10:48 пользователем adminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор дар маркази он ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии