ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ёвон боз як муассисаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор гирифт
Опубликовано вс, 30/06/2019 - 10:49 пользователем admin
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Бӯстон-1»-и ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон як маркази саломатӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази саломатии деҳаи мазкур тибқи нақша ба сеюним ҳазор аҳолии ҷамоат хизмат намуда, ҳаҷми сармояи он 1200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд.
3 июли соли 2019 иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.