Сиркбози ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар Фестивали байналмилалии «Акси садои Осиё» ҳунарнамоӣ карда, аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон сазовори баҳои баланд гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон 29 июн оғоз ёфта, то 11 июли соли равон идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он ҳунарпешаҳои сирк аз Тоҷикистон, Россия, Украина, Беларус, Англия, Булғористон, Ветнам, Миср, Чин, Қирғизистон, Муғулистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур муаррифии санъати сиркӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳои гуногун мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Муҳаммад Шарифзода сиркбози ҷавон ва боистеъдоди тоҷик буда, дар чандин озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои арзанда гардида, обрӯи сирки тоҷикро баланд бардоштааст.
АМИТ «Ховар»