Варзишгари тоҷик Шероз Очилов дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон ҷараён дорад, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат паҳлавони дигари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кило ба унвони чемпиони Осиё даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, Шероз дар вазни 71 кило аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд ва баъдан бар паҳлавонони Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард. Ӯ вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд.
Шероз сипас дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари япониро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Эрон, як медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Ӯзбекистон шуд.
Бо ҳамин қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ ба анҷом расиданд.
Хотиррасон менамоем, ки 6-7 июли соли равон қувваозмоиҳои гӯштини тарзи озод доир мегарданд, ки варзишгарони мо дар шаш вазн қувва месанҷанд.
Бояд зикр кард, ки дар чемпионати мазкур 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
АМИТ «Ховар»