Хабар

Пешвои миллат: «Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода шавад»

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод мегардад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардидааст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум  Паёми навбатии худро  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа  намуданд. 

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. «Сиёма» бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сарфароз гардид

Корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» зери бренди «СИЁМА» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019»  ба қуллаи шараф баромада, бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) сарфароз гардонида шуд.

Страницы