Дар Ашқобод ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид
Опубликовано пн, 30/12/2019 - 23:33 пользователем admin
28 декабр дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири тиҷорат ва равобити иқтисодии хориҷии Туркманистон Оразмират Гурбанназаров баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро баргузор гардид.