Хабар

Пагоҳ дар хатсайри №16 микроавтобусҳои муосир сафарбар карда мешаванд

Шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 дар хатсайри №16 ҳаракати  микроавтобусҳои нав ва муосир сафарбар карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

1 январ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз меёбад

1 январи соли 2020 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад.

Путин қонун оид ба тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилона барои кор дар Россияро ба имзо расонид

Президенти Россия Владимир Путин қонуни тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР-ро ба имзо расонид. Ҳуҷҷат рӯзи шанбе дар портали интернетии расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Страницы