Хабар

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия мулоқот намуданд

6 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия дар шаҳри Путраҷайя мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин Абдуллоҳ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

10 феврал нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор мешаванд

10 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар  соли 2019 нишасти матбуотӣ  доир менамоянд.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Барои баргузории ин озмун 1 646 400 сомонӣ ҷудо гардид

Ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст.

Страницы