Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари комиссияи Ҳизби Коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ Ян Тзечиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегии ҳамаҷониба ва ҳамсояи наздик буда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ҳамеша ҳавасманд мебошанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар доираи муколамаи байниҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки робитаҳои байниҳизбӣ ҷузъи таркибии муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду давлат мусоидат менамоянд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба маносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, саноатию кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, фарҳангу гуманитарӣ, маориф ва илму технологӣ табодули афкор карда, татбиқи воқеии Барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чинро, ки дар доираи ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ” таҳия гардидааст, муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи амниятӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар»