Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Иди Наврӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ — хонаи пиронсолон ва мактаб-интернатҳои пойтахт дастурхони идона густурда шуда, барномаҳои рангини наврӯзӣ пешкаши бошандагону тарбиятгирандагони онҳо мегардад. Гурӯҳи ҳунармандони Клуби марказонидашудаи назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе чунин як барномаи фарҳангиро дар хонаи пиронсолони пойтахт барпо намуданд.
Тавре аз Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, санъаткорони гурӯҳи марказонидашудаи назди Раёсат дар назди бошандагони Хонаи пиронсолон бо суруду таронаҳои наврӯзӣ ҳунарнамоӣ намуда, гулдухтарони наврас бо рақсҳои ҷолиб хотири онҳоро шод намуданд. Бошандагони Хонаи пиронсолон дар баробари ҳунармандон суруд хонда, мерақсиданду шодӣ мекарданд.
«Пиронсолон аз тамошои ин барномаи фарҳангии мо изҳори хушҳолӣ намуда, ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, санъаткорон ва наврасон изҳори миннатдорӣ менамуданд. Воқеан ҳам аз дидани шодию нишоти онҳо мо низ худро хушҳол дарёфтем. Охир яке аз анъанаҳои асосии Наврӯзи бостонӣ ин дасти касеро гирифтан, ба касе шодию хурсандӣ бахшидан аст»,- гуфтанд баргузоркунандагони барномаи фарҳангӣ.
АМИТ «Ховар»