Интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, дар фазои ором, бидуни ҳодисаи фавқулода ва дар фазои идона гузашт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода хабар додааст.
«Интихоботи баргузоршудаи Президенти Тоҷикистон дар саросари мамлакат дар фазои хеле ором баргузор гардид, вазъ дар ҳама участкаҳои интихоботӣ мӯътадил буд, шаҳрвандон дар овоздиҳӣ хеле фаъолона ширкат варзиданд», — суханони Маҳмадзодаро иқтибос овардааст агентии давлатии иттилоотии Россия.
Бино ба хабари ТАСС, Маҳмадзода афзудааст, ки ҳангоми овоздиҳӣ дар участкаҳо ягон қонуншиканӣ ё ҳодисаи ғайричашмдошт сабт нашудааст.
АМИТ «Ховар»