Дар пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод бар асари анҷом додани амали террористӣ 18 нафар ба ҳалокат расида, қариб 30 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Таркиш дар кўчаи Ҳабибияи минтақаи Садр-Сити, ки дар қисми шимолии Бағдод ҷойгир аст, ба қайд гирифта шудааст.
Террористи худкуш нақлиёти бо моддаи тарканда муҷаҳҳазро дар кўчаи серодами Ҳабибия таркондааст.
То кунун ягон нафар ва ё гуруҳ масъулияти амали террористиро бар ўҳда нагирифта, тафтишот дар ин самт идома дорад.