Баҳри дар амал тадбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» масъулини мактаб–интернатҳои ҷумҳуриявии низомашон махсус, кӯдакони нобино ва сустбин ва Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор нақшаҳои пешниҳодгардидаро сад фоиз иҷро намуданд.
Директори Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор Умар Акрамзода зикр намуд, ки «айни замон дар муассиса 242 нафар беморони рӯҳию маъюб зиндагӣ менамоянд ва ба онҳо 122 нафар кормандон ба таври шабонарӯзӣ мувофиқи басти корӣ хизмат мерасонанд. Ин табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои онҳо 100 тонна ангишт, 70 куб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ барои генераторҳои барқдиҳанда захира намудаем. Инчунин барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани беморон то охири мавсим дар анборҳои муассиса 6300 кг картошка, 2100 кг пиёз, 9600 кг орд ва 630 литр равған захира менамоем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо ба давраи зимистони имсола омода буда, 242 нафар беморони рӯҳиро бо ҷои гарму хӯрокҳои лазиз таъмин намуда, ба онҳо дар сатҳи баланд хизмат мерасонем».
Тибқи иттилои масъулини мактаб–интернатҳои ҷумҳуриявии низомаш махсус ва кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, дар ин ду муассиса то имрӯз 229 тонна ангишт ва 120 куб ҳезум захира гардидааст. Айни замон синфхонаҳо ва утоқҳои хоби кӯдакон бо гармӣ таъмин мебошанд. Аз маълумоти масъулини ин ду муассиса бармеояд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани интернатҳо дар фасли зимистон ва сари вақт додани хӯроки гарм ба кӯдакони эҳтиёҷманд тамоми тадбирҳо андешида шуда, айни ҳол дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.
АМИТ «Ховар»