Корманди ШВКД дар шаҳри Исфара барои даст задан ба ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардид.
Тавре сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад, Мустафо Додохонов аз 18 октябри соли 2007 то инҷониб дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кор карда, барои татбиқ намудани санади авф нисбат ба шаҳрванд Р. Маматқулова, ки нисбат ба ў дар истеҳсолоташ маводи санҷишӣ қарор дошт, ба сифати пора маблағи 1500 доллари ИМА талаб намуда, бо миёнаравии адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» К. Исроилов аз охирин маблағи 1300 доллари ИМА-ро гирифт.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, номбурда ҳангоми аз миёнарав гирифтани пора ба маблағи 1300 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба муфаттиши шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара М. Додохонов бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» К. Исроилов бо моддаи 36 қисми 5 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва фиристодан ба суд ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.
Манба: Амит"ХОВАР"