Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.
Вобаста ба ин дирӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Нуъмон Абдуғафорзода, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳии мамлакат ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҶТ А. Ализода оид ба вазифаҳои шуъбачаи навтаъсиси милитсияи сайёҳӣ ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати онҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбат ба сайёҳон муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.
Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.
Роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз таъсиси сохтори нав дар назди мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳод бениҳоят зич ба роҳ мемонанд.
Хотиррасон менамоем, ки чунин сохтор (политсияи сайёҳӣ) дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои пешрафтаи дунё фаъолият мекунад.
АМИТ«Ховар»