Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 март оғоз мегарданд

Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 марти соли равон оғоз мегарданд.Ба иттилои манбаъ, субҳи 21 март соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат баргузор мегарданд. Ҳамчунин шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст. 22 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода намоиши ҷолиби театрикунонидашуда баргузор хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»