Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятзода Баҳром аз вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Вализода Абдуқодир Исуф аз вазифаи Раиси шаҳри Турсунзода ва Акрамзода Парвиз Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуданд.
Тибқи фармонҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Абдуқодир Исуф ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Акрамзода Парвиз Акрам ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Турсунзода ва Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сӯҳроб аз вазифаи муовини якум, Вализода Рустам аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Бобозода Раҳим муовини якуми вазири нақлиёт, Сироҷзода Шуҷоат муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Ҳамчунин, Раҳматуллозода Сахидод муовини раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Абдураҳмонзода Саидумрон ва Назарзода Заррина аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Мавлодод Абдулқодир ва Қиёмзода Зарафо муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Раҳматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Абдураҳимзода Нурулло ба ин вазифа таъин карда шуд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи кории ҳар як мутахассиси соҳаҳои зикршударо таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ карда, таъкид намуданд, ки сазовори боварӣ ва эҳтироми мардум гардидан аз фаъолияти поквиҷдононаву азму талоши ҳар як кадр вобастагӣ дорад.
Сардори давлат аз камбудиву қонуншиканӣ дар фаъолияти кории баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мисолҳои мушаххас оварда, иброз доштанд, ки дар фаъолияти хизматиатон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоед ва дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунед.
«Содиқона, поквиҷдонона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои худро ҳамчун хизматчии давлатӣ иҷро кунед, бо мардум робитаи наздиқ дошта бошед, қобилияти кордониву ташкилотчигиатонро сарфи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум сарф намоед!» — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АМИТ «Ховар»