Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Дониёр Қодиров баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонад баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкории манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»