Тағйирот дар нақшаи қабули донишҷӯёни ММТ

Маркази миллии тестии кишвар бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва 14 ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тағйирот ворид кардааст.
Дар ин бора сомонаи ин марказ иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳамзамон ба нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи техникӣ якчанд ихтисосҳои нав илова шуд.
Тибқи иттилои манбаъ ба шахсоне, ки бо истифода аз нусхаи чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ихтисосҳоро аз ин ду донишгоҳ интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бо тағйиру иловаҳои мазкур тавассути сомонаи Марказ шинос шаванд.
Рӯйхати ихтисосҳо, ки дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шакли чопӣ истифода карда мешаванд, бо назардошти тағйиру иловаҳои зикршуда омода гардидааст.

Tags: