Пешвои миллат

Ифтитоҳи сардхонаи нав дар Боғи миллии “Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

28 июн дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд.

Гузоштани санги асоси бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани хатти нави технологии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар инҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.

Страницы