Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Опубликовано пн, 22/10/2018 - 14:17 пользователем tvtДар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.