28 июн дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд.
Айни ҳол масоҳати боғ ба 700 гектар расонида шуда, дар он навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шудааст. Ҳосили аксар дарахтони мевадиҳанда барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот нигаронида шудааст.
Имсол аз ҳосили 700 тонна зардолуи ин боғ беш аз 20 тоннаи он ба шаҳру ноҳияҳои мухталифи Федератсияи Россия содирот карда шудааст.
Дар сардхонаи нав коргарони боғи миллӣ себ, зардолу ва олуи сиёҳро барои содирот ҷой кардаанд. Президенти мамлакат ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини меваҷот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки бо истифода аз ин имконот дар ин ҷо ҳамчунин сабзавот нигоҳ дошта шавад.
Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур 20 марти соли 2008 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, бо пешниҳоди Сарвари давлат бо нияти пойдории ҷовидонии сулҳу субот ҳамчун омили муҳимтарини рушду пешрафти Ватани азизамон Боғи “Ваҳдат” номида шуд.
Соли 2008 ба нақша гирифта шуда буд, ки дар даромадгоҳи боғ бошишгоҳ ва толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушконидани мева ва коркарди меваю сабзавот, мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чойхонаи миллӣ бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ сохта шавад.
Чойхонаи Боғи “Ваҳдат” низ бо дастури Сарвари давлат бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ, чӯбкорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва дигар унсурҳои миллии хоси мардуми соҳибфарҳанги тоҷик сохта шуда, имрӯзҳо ба як макони бошукӯҳи баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ мубаддал гардидааст.
Аксар вақт зимни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин боғ дидан карда, барои нигоҳубини дарахтон, рушди соҳаи боғдорӣ, парвариши зироати гуногун дар байни қаторҳои боғ, истифодаи самараноки иншооти хизматрасонӣ маслиҳатҳои созанда медиҳанд.
Имрӯз низ дар давоми боздид аз Боғи “Ваҳдат” Президенти мамлакат бо шароити хизматрасонӣ дар чойхонаи миллӣ шинос шуда, ба роҳбарияти вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва меҳмоннавозии хос дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвари давлат, намояндагони зиёиёни кишвар ва фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳудуди Боғи “Ваҳдат” бо шукӯҳи хос ва хотирмон таҷлил гардид.
Сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар растаҳои боғ намоишгоҳ ташкил карда, дастовардҳои меҳнатии худро ба маъраз гузоштанд. Дар барномаи фарҳангӣ-оммавии наврӯзӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо карданд, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.