Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйирот ворид менамояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода санади мазкурро тавзеҳ дода, зикр намуд, ки лоиҳаи қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65-и нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, таҳия ва ба Парлумон пешниҳод гардидааст. Ҳадафи он такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи қарзӣ байни муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ва лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030–ро баррасӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"