Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Вале дар баъзе минтақаҳо ва шоҳроҳҳои кӯҳӣ хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 то 6 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят аз 8 то 13 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Ҳаво аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Дар водиҳо то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 2 то 7 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳолат сокинони кишварро аз хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ дар ҳудуди ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хабардор намудааст. Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.