Футбол

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол»: «Мо танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем»

«Мо дар бораи он, ки мусовӣ ҳам моро қаноатманд мекунад, фикр накарда, танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем», — ин нуктаро дирӯз зимни нишасти хабарӣ Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе тазаккур дод.

«Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро мағлуб намуд

Шоми   дирӯз  дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби  1:0  мағлуб намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин дидор дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон дар ҳузӯри  мухлисони сершумор баргузор гардид. Фатҳулло Фатҳуллоев  бозингари дастаи  футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон  дар дақиқаи 51-ум голи ягона дидори мазкурро  ба ҳадаф расонид.

Тоҷикистон аз ҳақи ширкат дар Ҷоми Осиё-2019 маҳрум шуд

Имрӯз, 27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин бозии ниҳоии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 байни тимҳои Филиппин ва Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” баргузор шуд. Қисми аввали дидор начандон ҳолатҳои хатарнокро ба бор овард. Тақдири бозӣ дар қисми дуюми нерусанҷӣ ҳалу фасл шуд.

Страницы