Футбол

Франсия чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид

Дастаи мунтахаби Франсия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, дастаи мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб кард.

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо даъвати президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино 15 июл дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои миллии Франсия ва Хорватия, ки дар варзишгоҳи Лужники дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд.

Дастаи футболи занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 иштирок мекунад

Дирӯз  дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия маросими қуръакашии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи футбол миёни бонувон 11 даста, аз ҷумла, дастаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Дастаҳо дар се гурӯҳ (2 гурӯҳи иборат аз 4 даста ва як гурӯҳ – 3 даста) барои ҷоизаҳо рақобат намуда, дастаи

Страницы