«Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро мағлуб намуд

Шоми   дирӯз  дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби  1:0  мағлуб намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин дидор дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон дар ҳузӯри  мухлисони сершумор баргузор гардид. Фатҳулло Фатҳуллоев  бозингари дастаи  футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон  дар дақиқаи 51-ум голи ягона дидори мазкурро  ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон 7 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Аз рӯи натиҷаҳои 5 давр дастаи футболи «Истиқлол» бо 13 имтиёз садрнишини гурӯҳи «D» мебошад.

АМИТ «Ховар»