Данғара

Президенти мамлакат дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро ифтитоҳ намуданд

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингарди “Данғара — Пушинг” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Пушинг дигар иншоотро, ки аз тарафи сокинони ватанпарвари он сохта шудааст, ифтитоҳ карданд.

Дар маркази деҳаи Пушинг бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби муосир бунёд гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар даромадгоҳи деҳоти «Пушинг» бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии вилояти Хатлон дар бозори Каёнӯши ноҳияи Данғара боздид намуданд

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз Намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази савдои Каёнӯш намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳӣ ва дигар дастовардҳоро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ муаррифӣ карданд.

Страницы