Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандонро ифтитоҳ ва бо сокинони деҳаи Пушинг мулоқот намуданд
Опубликовано чт, 23/05/2019 - 10:37 пользователем adminДар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.
Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд — Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.