Таҷлили 105-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб

matbuot.jpgИмрӯз бахшида ба ҷашни 105-солагии матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш Хайруллои Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар ҷомеа нақши муассир дошта, пешравию муваффақият ва дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамояд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш рӯзноманигорон Ғоиб Ақназаров, Аҳмад Иброҳим, Турко Дикаев, Зафар Мирзоён ва дигарон аз фаъолияти якасраи матбуоти тоҷик ёдовар гардида, таваҷҷуҳи Пешвои миллатро барои пешрафти соҳа назаррас арзёбӣ намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ба хабарнигорон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"