«Шарҳи парчам дар фарҳангҳо», «На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем» — шарҳи матбуот

Дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (20.11.2017, №236-237) суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чоп кардааст: «Бо ифтихор иброз медорам, ман ба иродаи қавӣ, неруи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам. То имрӯз ҳар коре, ки анҷом додем, ба хотири адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан – Модар буд ва минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро дар ин роҳ бедареғ сарф хоҳем кард». Мавриди зикр аст, ки ин суханони пур аз муҳаббати Сарвари давлат ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд. Президенти мамлакат зимни суханронии худ ёдовар шуданд, ки «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд». Сарвари давлат оид ба нақшаҳои душманони миллату давлати тоҷик дар ҳамон шабу рӯзи пуртаҳлука чунин изҳор карданд: «Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла, роҳбарони Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ҷанги бародаркушӣ буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ, ба оташ равған мерехтанд. Дар он айём роҳбароне низ буданд, ки ба хотири манфиати худ нақшаи ба давлатҳои дигар фурӯхтани охирин имкониятҳои иқтисодии кишвар, аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии Норак ва корхонаи алюминийро кашида буданд. Тавре борҳо изҳор намуда будам, ҳатто нақшаи ба чанд қисмат тақсим намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тарҳрезӣ шуда, баъзе неруҳои дохилӣ омодаи амалӣ намудани ниятҳои хоҷагони худ буданд. Иҷлосияи шонздаҳум ба ин масъала низ нуқтаи ниҳоӣ гузошт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз карда шуд».

Бояд гуфт, дар давоми 25 соли баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даромади буҷети давлатӣ то 21 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт (соли 2000-ум ин нишондод 250 миллион сомониро ташкил дода буд), даромади аҳолӣ 30 баробар, пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,7 фоиз баробар шуд. Пешвои миллат дар фарҷоми суханронӣ ба ҳамватанон ва иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ таъкид карданд, ки «мову шумо аз сангинтарин имтиҳони таърих ва рӯзҳои пурталотуми эъмори давлатдории миллиамон гузашта, имрӯз ба сулҳу суботи комил расидем ва ин дастоварди нодири халқамонро чун гавҳари бебаҳо ҳифз мекунем».

Нашрия дар саҳифаҳои дохилӣ оид ба сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Суғд, ифтитоҳи як қатор иншооти бахши иҷтимоиву иқтисодӣ ва соҳаи маорифу сохтмон гузориши муфассал нашр карда, матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро пешкаши хонандагон намудааст.

Дар саҳифаи аввали шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (22.11.2017, №239) хабари муфассал бо сарлавҳаи «Пешвои миллат аз сафирони нав эътимоднома қабул намуданд» дарҷ гардидааст. 21 ноябр дар Қасри миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд. Сарвари давлат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷабҳа бо кишварҳои қитъаи фарохи Осиё, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва давлатҳои қитъаи Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйин барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

Сардори Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД-и Тоҷикистон генерал-майор Абдуғаффор Азизов доир ба фаъолияти Интерпол бо шореҳи нашрияи «Ҷумҳурият» мусоҳиба намуда, изҳор кардааст, ки ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла, фаъолони ТТЭ ҲНИТ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Иттилоъ дода шудааст, ки «ба ҳолати имрӯза аз тарафи БММ Интерполи ВКД 2528 ҷинояткор ба махзани иттилооти Котиботи генералии Интерпол ворид карда шуда, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин шахсон барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин: одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ мавриди пайгард қарор гирифтанд. Аз шумораи умумӣ 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафараш аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИТ мебошанд». Мувофиқи маълумоти Интерпол, аъзои ҲНИТ дар баробари содир кардани ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм инчунин дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ айбдор дониста мешаванд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИТ 1610 (ҳазору шашсаду даҳ) ҷиноят содир шудааст.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (21.11.2017,№139) бо сарлавҳаи «Дар он айём Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт» матни суханронии Сарвари давлатро ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ чоп кардааст. Ҳамчунин нашрия аз машварати кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд гузориш нашр кардааст. Дар ин машварати корӣ вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, киштукор, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар давоми даҳ моҳи соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шунидани ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода, бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилоят минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ҳисси баланди миллӣ баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат бештар талош варзида, дар пешрафти соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми босазо мегузоранд.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мақолаҳои «Шарҳи парчам дар фарҳангҳо», «Дархост ба китобҳои дарсӣ бояд ҷиддӣ пешниҳод шавад», «Китоби мусаввари андешаҳо ва боварҳо», «Манижа ва Ёсуман сирри муваффақияти хешро ошкор карданд»-ро чоп карда, мусоҳибаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо сарлавҳаи «На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем», инчунин дигар хабару навигариҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии мамлакатро ба хонандагон пешниҳод кардааст.

АМИТ"ХОВАР"