12 июн мутахассисони соҳаи тибби Полша аз Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дидан намуда, бо фаъолияти баъзе аз шуъбаҳои он шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздид табибони Полша бо фаъолияти шӯъбаи ҷарроҳии соматикаи кӯдакона ва шӯъбаи бистаринамоии калонсолон шинос шуда, ба рафти хизматрасонӣ ва дастгоҳҳои дар онҳо насбшуда баҳои баланд доданд.
Онҳо ҳамчунин бо табибони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мулоқот карда, оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нав табодули афкор намуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳе аз ин табибон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар карда, аз вазъи беморхонаҳо ва ҳолати гирифторони COVID-19 шинос шуд ва бо табибони маҳаллӣ мулоқот кард.
Мавриди зикр аст, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ шоми 6 июн ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
АМИТ «Ховар»