Директори Барномаи СУТ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ Майкл Райан вақти ба даст овардани ваксинаи зидди коронавирусро эълом намуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мавсуф изҳороти мазкурро зимни суханрониаш, ки аз тариқи саҳифаи Твиттери ин созмон пахш шудааст, иброз намудааст.
Ба гуфтаи Райан, ин кор на барвақттар аз нимаи аввали соли 2021 имконпазир хоҳад шуд. Вай аз пешрафтҳо дар самти коркарди ваксина ёдовар шуд, аммо даъват кард, ки дар мавриди муҳлати дастрасӣ ба ин дору воқеъбин бояд буд.
Мутахассис инчунин тазаккур дод, ки СУТ дар самти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба ваксина кор мекунад. «Ваксинаҳои зидди ин пандемия хоси сарватмандон ё камбизоатон нест, онҳо бояд ба ҳама дастрас бошанд», — зикр намуд ӯ.
АМИТ «Ховар»