СУТ КОРОНАВИРУСРО ДАР ҶАҲОН ПАНДЕМИЯ ЭЪЛОН КАРД. Интизор меравад, ки рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик шумораи ҳолатҳои фавт ва кишварҳои осебдида афзояд

Созмони Умумиҷаҳони Тандурустӣ (СУТ) хурӯҷи коронавируси нав  COVID-19 –ро пандемия эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ. 

«Пандемия сухане нест, ки онро  бе андеша  ё бепарво истифода баранд.  Ин вожаест, ки дар сурати истифодаи нодуруст тарсу ҳароси беасос ё худ эътирофи бемояро  дар бораи он, ки мубориза анҷом пазируфт ва  акнун ин метавонад ба дарду алам ва  марг расонад,  дар тафаккури  одам ба вуҷуд меорад», — изҳор намуд роҳбари СУТ  Теодор Гебрейесус дар брифинги анъанавии матбуотӣ.

Пандемия- ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта,  бемориеро дар назар доранд, ки он  хусусияти оммавӣ дошта,  қисми зиёди аҳолиро гирифтор  месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ  чун пандемия эътироф гардида буданд.

Ба қавли роҳбари СУТ, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои  зиёд мегардад. Айни ҳол беморӣ дар 109 кишвар ба қайд гирифта шудааст.

СУТ  шарҳ дод, ки тавсифи вазъ ҳамчун пандемия на  арзёбии таҳдиди вирус ва на муқовимат алайҳи онро тағйир намедиҳад.

Тибқи маълумоти охир, дар тамоми ҷаҳон коронавируси намуди нав дар зиёда аз 121 ҳазор нафар  одамон ба қайд гирифта шуда, беш аз 4 ҳазор бемор ҳалок гаштаанд.  Дар Россия 31 ҳолати сироят бо COVID-19  тасдиқ шудааст. Аксари сироятшудагон онҳоеанд, ки қаблан аз Италия омада буданд, аз ин сабаб,  Россия  барои додани раводид ба шаҳрвандони ин кишвар маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: