СУРУДИ МИЛЛӢ – МУАРРИФИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН! Дар Душанбе оид ба яке аз рамзҳои асосии давлатдории мо китоби нав ба нашр расид

Дар Душанбе таҳти унвони «Суруди миллӣ» китоби Иброҳим Пирназарзода ба нашр расид. Бояд гуфт, ки дар бораи суруди миллӣ, моҳият ва муҳтавои он пажӯҳишгарону донишмандони соҳа борҳо навишта бошанд ҳам,  миёни онҳо ин дастури мукаммалу мушаххас мавқеи вижаро  дорост.

Дастури мазкур барои таҳкими ҳувияти миллии наврасону ҷавонони кишвар ва кулли ҳамватанон таҳия гардида,  аз пешгуфтор, фаслҳои «Таърихномаи Суруди миллӣ», «Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Суруди миллӣ», «Санадҳои пешинаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва охирсухан фароҳам омадааст.

Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз рӯзи қабули расмиаш  ба сарвати бузурги маънавии халқ табдил ёфта, онро тамоми қишрҳои ҷомеа бо муҳаббат ва садоқати бепоён нисбат ба Ватан ва давлатдории миллии худ тараннум мекунанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошанд».

Иброҳим Пирназарзода дар пешгуфтори китоб диққати худро ба пайдоиши сурудҳои миллии як зумра кишварҳои ҷаҳон равона намудааст. Ишораҳои  ӯ дар дастур мухтасару мушаххас баён ёфта,  хонандаро бо таърихи пайдоиши гимну сурудҳои миллӣ, ки асосан дар заминаи муборизаҳои озодихоҳона эҷод гардидаанд, шинос менамоянд.

Ба ин маънӣ, муаллиф таъкид менамояд, ки «тибқи осори хаттии гузаштаи тоҷикон, дар таърихи миллати мо аслан сурудҳои халқӣ бештар нуфуз доштаанд» (с. 7). Мавсуф тазаккур медиҳад, ки дар Тоҷикистон Суруди миллӣ ё гимн дертар ба миён омад, ки он ба таъсис ёфтани Тоҷикистони шӯравӣ ва ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардидани он алоқаманд аст. Иброҳим Пирназарзода ба ин маънӣ таъкид менамояд, ки матни аввалини Суруди миллии Тоҷикистон ба қалами шоир Абулқосим Лоҳутӣ тааллуқ дошта, ба он бастакор С. Юдаков оҳанг бастааст. Ва ин суруд баъди тасдиқ аз 15 ноябри соли 1946 то 7 сентябри соли 1994 бо баъзе тағйироти ҷузъӣ садо додааст. Дар ин фасл ҳамчунин таъкид ба амал омадааст, ки Суруди миллӣ бояд саҳеҳ, мувофиқи матн ва оҳанг иҷро карда шавад.

Дар оғози фасли «Таърихномаи Суруди миллӣ» Иброҳим Пирназарзода возеҳу равшан менависад: «Агар Нишон ва Парчами давлатӣ тавассути унсуру аломатҳояшон рамз ва инъикоскунандаи таъриху фарҳанги миллат бошанд,  пас Суруди миллӣ нидои қалбҳо ва баёнгари бевоситаи таъриху фарҳанги асил ва орзуву омоли миллати тоҷик аз замони пайдоиш то ба имрӯз ва ояндаи дурахшони он мебошад. Ба ҳамин хотир, гуфтан ҷоиз аст, ки агар Нишон ва Парчами давлатӣ дар рӯи дастони мо ҷойгиранд, пас Суруди миллӣ дар қалбу зеҳн ва ниҳодамон ҷойгузин мегардад».  Дар ин фасл муаллиф пайдоиши сурудҳои миллиро ба асрҳои 7-4 то мелод мансуб дониста, барои таъйиди фикр аз гимнофарони Юнони Қадим — Алкаман, Алкей, Пиндар, Ҳомер, Анокреонт ва ғайра ёд намудааст. Ба андешаи ӯ, аввалин гимнҳои мардуми эронитабор дар китоби муқаддаси «Авесто» сабт  гардида буданд. Минбаъд гимнсароён дар адабиёту фарҳанги мардуми Ҳинд, адабиёти чинӣ, арабӣ, туркӣ ва ғайра мавқеъ пайдо намудаанд.

Иброҳим Пирназарзода дар ин заминаи боэътимод фасли дигар ва асосии китоб — «Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол» — ро нигошта, зарурати навишта шудани он, эълон гардидани озмун барои Суруди миллӣ, теъдоди шеърҳои ба озмун расида ва интихоб шудани матни Гулназар Келдӣ бо оҳанги Сулаймон Юдаковро хеле ҷолиб баррасӣ намудааст. Дар ин китоб мусанниф аз забони муаллифи Суруди миллӣ чанд иқтибоси муфид ва барои хонанда номаълумро низ дар ҷою мавқеаш овардааст. Муаллифи китоб ба Суруди миллӣ баҳои илмӣ дода, менависад: «Вазни шеър, тақтеъҳо ва ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳи он ба қолаби оҳанг мувофиқ буда, калима ва ибораҳо тавре рехта шудаанд, ки ба ҷойи як вожа калимаи дигарро гузоштан ғайриимкон аст». Дар ҳақиқат Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ончунон мутантан, гӯшнавозу дилписанд ва бо лаҳни ширини шоири дилдодаи Ватан суруда шудааст, ки ба муаллифи он ҳамагон аҳсант мехонанду мехонем.

Дар фароварди сухан метавон гуфт, ки заҳмати бесобиқаи Иброҳим Пирназарзода муаррифи таърих ва рисолати рамзи боқудрати Тоҷикистони соҳибистиқлол – Суруди миллӣ буда, донистани мақому мартаба, таъриху манзалати он мӯҷиби сарбаландию ифтихори шаҳрвандони кишвар дониста мешавад.

Ба  андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он Тоҷикистонро дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд».

Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ,
адабиётшинос,
Додоҷон РӮЗИЕВ,
рӯзноманигор

Tags: