ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ҲУШДОР МЕДИҲАД: касоне, ки сигор мекашанд, бемории коронавирусро вазнин мегузаронанд

«Касоне, ки сигор мекашанд, коронавируси COVID-19-ро вазнин мегузаронанд», — хабар доданд имрӯз ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Рӯзи байналмилалии тарки тамокукашӣ.

Мутахассисони вазорат тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон дар давраи пандемияи коронавирус аз тамоку даст кашанд ва саломатии худро аз оқибатҳои истифодаи он ҳифз намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки тамокукашии дарозмуддат ба бемориҳои узвҳо ва системаҳои гуногун оварда мерасонад, инчунин хавфи маргро аз саратон ва дигар бемориҳо зиёд мекунад.

Тибқи тадқиқот, агар шахс ҳар рӯз 10 дона сигор кашад, пас дар ӯ саратони гурда нисбат ба нафаре, ки тамоку намекашад, якуним маротиба зиёдтар инкишоф меёбад. Агар шахс дар як рӯз 20 ва ё зиёда аз он сигор кашад, хавф ду баробар зиёд мегардад.

Илова бар ин, истифодаи тамоку пиршавии барвақти пӯстро аз 10 то 20 сол ба вуҷуд меорад ва хатари сактаи мағзи сарро 50% зиёд мекунад, ки метавонад ба зиёни мағзи сар ва марг оварда расонад.

«Тамокукашӣ умри мардонро тақрибан 12 сол ва занонро тақрибан 11 сол кам карда, метавонад мардонро ба импотентсия (нотавонии ҷинсӣ) ва занонро ба безурётию саратони гарданаки бачадон гирифтор намояд», — таъкид намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: