Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик намуд.
Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев вобаста ба фаъолияти пурсамари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ӯро дар рушди кишвар ва афзоиши обрӯи байналмилалии он махсусан таъкид намуд.
Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми Нурсултон Назарбоев вобаста ба рушди муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар дар сатҳи ҳамёрии стратегӣ, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, баҳои баланд дод.
Сарони давлатҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Суҳбат дар фазои дӯстиву самимият доир гашт.