Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ҳамкориро таҳким мебахшанд

Дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши ҷамъбастии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба тамошобинони театр намоиши «Корвон-сарой» пешниҳод гардид. Намоиш аз рӯи асари И. Лукянова ва Д. Юлдошев дар таҳияи Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исҳоқ Яқубов рӯи саҳна омада, дар бораи суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии ӯзбек ба воситаи санъати муосири театрӣ нақл мекунад.

Бояд зикр намуд, ки намоиши мазкур тӯли ду ҳафта манзури тамошобинони хурдсоли тоҷик гардид.

Роҳбари бадеии театр Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фатҳулло Хоҷаев изҳор дошт, ки ин аввалин сафари расмии театри мазкур ба шаҳри Душанбе мебошад.

«Аз пазироии гарму ҷӯшони мизбонон сарамон ба осмон расид, — гуфт Фатҳулло Хоҷаев. -Халқи тоҷик хеле меҳрубон, хоксор ва ҳамеша ба ёрӣ омода мебошад. Сафари мо роҳи бузурги ҳамкориро боз кард. Моро ба фестивали байналмилалии навбатии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» даъват намуданд, ки аҳли театр онро бо хурсандӣ қабул кард».

Ҳамчунин Ф. Хоҷаев иброз дошт, ки бо роҳбарияти Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе оид ба сафари навбатӣ бо намоиши нав суҳбат кардаанд. «Мо аҳли театри лӯхтаки шаҳри Душанберо ба театри лӯхтаки шаҳри Тошканд даъват намудем ва онҳоро бесаброна интизор хоҳем шуд»,-гуфт дар фарҷом меҳмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

АМИТ "Ховар"