Сӯхтор дар КВД «Бозори Деҳқон». Зарари расонидашуда тақрибан 35 000 сомониро ташкил медиҳад

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Деҳқон», ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Борбад 15 ҷойгир шудааст, 22 июл, соати 00:29, дар масоҳати 134 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 16 нуқтаро пурра ва 8 нуқтаи савдоро қисман фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар биноҳои дар шафати бозори «Деҳқон» бударо ба миён овард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-оташнишонӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ҳодисаи сӯхтор дар соати 01:14 иҳота карда шуда, дар соати 01:27 пурра хомӯш карда шуд.

Зарари расида аз ин сӯхтор тақрибан 35 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуданд.

Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдон дар нуқтаи савдои №42 мебошад, ки ба соҳибкори инфиродӣ Дилшод Идиев, сокини шаҳри Душанбе мансуб аст.

Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: