Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар 12-мин Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ

02.08.2016, Индонезия

Бисмилоҳир Раҳмонир - Раҳим,
Муҳтарам Раис,
Олиҷанобон, роҳбарон ва  аъзои ҳайатҳо,
Ҳозирини гиромӣ!

Нахуст миннатдории самимии худро ба созмондиҳандагони чорабинии имрӯза, минҷумла ҳукуматҳои Индонезия ва Малайзия барои меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ баён менамоям.

Мо Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро саҳнаи муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир медонем.

Ҷаҳони имрӯза зудтағйирёбанда аст. Бар асари чолишҳои нави ҷаҳонӣ ва афзоиши омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ суботи бозорҳои тамоми  минтақаҳои олам халалдор  гашта, суръати рушди иқтисодиёт паст шуда истодааст.

Сатҳи таъсири бевоситаи равандҳои ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиию техногенӣ,  паҳншавии бемориҳои гуногуни сироятӣ ба рушди минбаъдаи кишварҳо рӯ  ба афзоиш ниҳодааст.

Маълум аст, ки пешбурди равандҳои созанда танҳо дар шароити субот ва амнияти пойдор имконпазир аст.

Мутаассифона, имрӯз ҷаҳони муосирро мавҷи бесобиқаи терроризм,  ифротгароии хатарзо ва низоъҳои этникию мазҳабӣ фаро гирифтааст.

Омилҳои мазкур суботи сиёсии минтақаҳои мухталифи оламро ҷиддан ноустувор  гардонида, буҳронҳои иҷтимоӣ ва оқибатҳои иқтисодии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд.

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки миллионҳо нафарон баҳри дарёфти ҳаёти осоиштаву субот иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд.

Чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки  пайгирона дар ҷустуҷӯи ташаббусҳои тозаву роҳҳои  муассири истиқрори суботи фарогир ва ба ин манзур таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон бошем.

Вазифаи умумии мост, ки замина ва механизмҳои нави ҳамкориҳои самарабхши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро ба роҳ монем.

Аз ин нигоҳ, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи дувоздаҳуми Форум  дар мавзӯи «Ғайримарказонидани рушд ва тақвияти минбаъдаи соҳибкорӣ» ворид гардидаанд,  барои аксари кишварҳои ҷаҳони ислом аҳаммияти калидӣ доранд.

Мусоидат ба ҳамгироии бештар васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор гиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон таъмини пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ муайян намудааст.

Ҳамзамон бо ин ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягозорӣ низ тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Дар кишвари мо барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа як силсила ислоҳоти судманд ҷиҳати содда гардонидани расмиёти вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода шудаанд.

Шурӯъ аз соли 2014  мо 14-уми октябрро ҳамчун Рӯзи соҳибкор ҷашн мегирем ва дар ин замина  ҳамасола ҳамоиш ва форумҳои соҳибкоронро бо ҷалби  доираҳои соҳибкорони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ, инҷунин кишварҳои шарики худ баргузор менамоем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис дода, соҳибкории истеҳсолиро ҳамаҷониба ҳавасманд мегардонад.

Маҳз натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии муҳити  соҳибкориву сармоягузорӣ  амалигардида буд, ки Тоҷикистон  тайи солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф ворид гардид.

Айни ҳол дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки    робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худро бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарикони рушд, ҳамчунин созмонҳову муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида, пеш барад.

Дар чорчӯбаи ин талошҳо мо ҳамкории зичро бо Бонки Исломии Рушд, Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ, Созмони исломии тиҷорат ва Барномаи Махсуси Кумак ба роҳ мондаем.

Тайи солҳои ҳамёрӣ бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар кишвари мо зиёда аз 55 лоиҳаи мухталиф дар соҳаҳои зерсохтори нақлиёт, энергетика, маориф ва тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна амалӣ  шудаанд.

Бо ибрози миннатдорӣ барои чунин дастгирӣ, мехостам таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ду нуктаи аз нигоҳи мо муҳим ҷалб намоям.

Якум, имрӯз вақти он расидааст, ки вобаста ба шароити муосир механизмҳо ва шарту қоидаҳои ҳамкории муассисаву бунёдҳои молиявии исломӣ бо кишварҳое, ки дар марҳилаи рушди худ қарор доранд, бознигарӣ карда шаванд.

Тақозои замон аст, ки проседураҳои бонку бунёдҳо, бо назардошти зарурати васеъ гардонидани имкониятҳои ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва паст кардани андозаи фоизҳои қарзҳои пешниҳодшаванда, содда гардонида шаванд.

Дуввум, дар марҳилаи кунунӣ мо шоҳиди сатҳи гуногуни рушди кишварҳои олами ислом мебошем ва зарур аст, ки сари ин мавзӯъ ҷиддан фикр кунем.

Ба ақидаи мо,  бо мақсади ба равандҳои бӯҳронии глобалӣ ва чолишҳои дигари замони муосир тобовар гардонидани  кишварҳои мусулмонии дар марҳилаи рушд қарордошта, бахусус мамлакатҳои маҳсур бо хушкӣ, таъсиси як бонк ё бунёди махсусгардонидашудаи исломӣ барои дастгирии молиявии онҳо зарур аст.

Дар амалияи рафъи рушди нобаробар  нақши кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони ислом,  ки таҷриба ва имкониятҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ доранд, метавонад муассир бошад.

Бовар дорам, ки ин амалия ба ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи рушд, ки дар назди мо истодаанд, ҳамчунин ба ягонагиву муттаҳидии уммати исломӣ ба хотири таъмини сулҳу субот ҷиддан мусоидат хоҳад кард.

Дигар аз масъалаҳои умдае, ки аксари кишварҳои мусулмониро ба изтироб овардааст, ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мебошад.

Ба ин манзур дар Тоҷикистон Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дар ин радиф коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ самарабахш татбиқ гардид.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 30 фоиз дар ниҳояти соли 2015 паст карда шуд. Ва ин дар ҳоле мебошад, ки нишондиҳандаи мазкур қабл аз оғози татбиқи Стратегияи дахлдор дар сатҳи беш аз 80 фоиз қарор дошт.

Феълан, мо Стратегияи миллӣ  ва Барномаи миёнамуҳлати рушди кишварро мутобиқан барои давраи то соли 2030 ва солҳои 2016-2020 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додаем

Ҳамаи барномаҳои мо уҳдадориҳои байналмилалии кишварро аз рӯи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 қабул шудаанд, ба инобат мегиранд.

Зимнан, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои меҳварии барномаҳои рушди моро ташкил медиҳанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб  мехоҳам таваҷҷӯҳи Шуморо, ҳозирини гиромӣ, ба чанде аз  самтҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб намоям.

Пӯшида нест, ки тамоюли глобалии  ташаккули “иқтисоди сабз” ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи тавлиди нерӯи барқ аз қабили гидроэнергетика яке аз хусусиятҳои даврони муосир мебошад.

Дар қаламрави Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳаташро кӯҳҳои дорои ҳазорҳо пирях ташкил медиҳанд, дар ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд.

Зиёда аз якуним ҳазор дарёҳои гуногунмиқёс, ки аз пиряхҳои мо сарчашма мегиранд, манбаи бузурги оби ошомиданӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ мебошанд.

Иқтидорҳои ҳанӯз истифоданашудаи гидроэнергетикии Тоҷикистон имкони истеҳсоли солонаи то 527 миллиард киловатт — соат нерӯи барқро  доранд.

Ба кор андохтани ин иқтидорҳо метавонад эҳтиёҷоти рӯзафзуни  бозори энергетикии минтақавиро ба нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамсояҳои дуру наздики мо мусоидат намояд.

Дар ин замина мо ба густариши соҳаи гидроэнергетика тавассути бунёди   нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва  хаттҳои интиқоли барқи дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Чанде пеш дар кишвари мо маросими оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000 сурат гирифт.

Лоиҳаи мазкур, ки дар ҳамдастӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Покистон ва чанде аз шарикони рушди мо амалӣ мешавад, рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад.

Рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ, самти дигари ҳамкории ояндадор ва аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаовар мебошад.

Мақсад аз татбиқи лоиҳаҳои мо дар ин ҷода рушди  инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ барои пайваст шудан бо бандарҳои уқёнуси Ҳинд ва Ором мебошад.

Тоҷикистон инчунин барои сармоягузорӣ дар коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад.

Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.

Аз ин ҷумла қариб сад кон, ки дар онҳо тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мегардад, истифода мешаванд.

Мо ҳамаи навъҳои сангу металлҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми заруриро дорем, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист.

Ба ин маъно имконоти аграрии Тоҷикистон ва соҳаи туризми онро низ қайд кардан мехоҳам.

Кишвари мо дорои иқлими муносиб  барои васеъ ба роҳ мондани боғу токпарварӣ ва истеҳсоли  меваю сабзавоти  аз лиҳози экологӣ тоза, ҳамчунин дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди пахта, меваю сабзавот, хушкмева ва ба роҳ мондани содироти онҳо  метавонад  самти  ҳамкории судбахши бахши хусусӣ шавад.

Дар Тоҷикистон айни ҳол барномаи стратегии рушди инфрасохтори туризм ва хизматрасонии сайёҳӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар кишвари мо барои рушди алпинизм, туризми кӯҳӣ, экологӣ, солимгардонӣ,  беҳдошт ва истироҳат дар кӯҳсор  иқтидори кофӣ мавҷуд аст, ки  барои соҳибкорони давлатҳои исломӣ хело ҷолибанд.

Қобили қайд аст, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст.

Дар ин минтақаҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ ва иттилоотӣ, хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгор  ва  имтиёзӣ таъмин шудааст.

Мо омодаем, ки  барои иштироки васеи соҳибкорони хориҷӣ дар фаъолияти  ин минтақаҳо тамоми шароити муносибро фароҳам орем.

Зимнан, аз ниятҳои неки ширкату соҳибкорони кишварҳои исломӣ ҷиҳати иштирок дар ин амалия ҳамаҷониба истиқбол менамоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом буда, хоҳони ҳамкориҳои васеъ ва воқеӣ бо онҳо дар ҳамаи арсаҳои зикргардида мебошад.

Ба ин манзур, дар фарҷоми сухани худ ба кори 12-мин Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки натиҷаҳои он боз як омили муассири    тақвияти бештар бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои мо хоҳанд шуд.

Хонаободу пирӯз бошед, барои диққататон ташаккур.

president.tj