Суғд: Имрӯз дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маъракаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ оғоз гардид

Имрӯз, 1 март, аз субҳи барвақт-соати 06:00 дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии ҷумҳуриявӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ҷараён гирифт.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Суғд, субҳи барвақт дар яке аз участкаҳои шаҳрии интихоботии №51- ҳавзаи интихоботии №37, воқеъ дар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар сокинони маҳаллаи Тиллокон ҳозир гардида, дар ин маърака фаъолона ширкат намуданд.

Аз ҷумла, яке аз чунин нафарон- донишҷӯи соли аввали бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Меҳрангез Дадабоева мебошад, ки моҳи феврали имсол ба синни 18 расида, имрӯз бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуд. Вай бо масъулияти баланд ва ифтихор аз соҳибистиқлолии мамлакат  яке аз аввалинҳо шуда, ба участкаи интихоботӣ ҳозир гардид ва раъйи худро ба номзадони арзанда дод.

Ҳамзамон мувофиқи маълумоти  раиси участкаи зерин Солихон Бобохонов, дар участкаи интихоботии №51 барои фаъолияти ҳайати комиссияи интихоботӣ ва баргузории ин маърака  тамоми шароит фароҳам оварда шуда, дар маҷмӯъ, дар он 2903 нафар ба рӯйхат гирифта шудаанд. Аз ин шумора 210 нафар шаҳрвандони 18-сола мебошанд, ки бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок доранд.

Инчунин дар ҷараёни интихобот 8 нафар беморон ва шахсони барҷомонда тавассути гурӯҳи сайёр аёдат карда шуда, онҳо низ дар раъйдиҳӣ иштирок менамоянд.

Мувофиқи маълумоти раёсати омори шаҳри Хуҷанд, шумораи овоздиҳандагони эҳтимолӣ дар баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар участкаҳои  интихоботӣ 103 392 нафарро ташкил дода, аз он беш аз дуввуним ҳазор нафар дар чунин маъракаи сиёсӣ бори аввал ширкат мекунанд.

Имрӯз баҳри баргузории интихоботи ҷумҳуриявӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд, дар маҷмӯъ, 40 ҳавза ва 64 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд, ки ҳоло дар ҳамаи онҳо раванди баргузории  ин маъракаи муҳими сиёсӣ хуб  ҷараён дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: