Суғд: Ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» муайян гардиданд

Дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласа ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки: «дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма дар расонидани иттилоот ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас мебошад. Маҳз бо назардошти нақши матбуот, телевизиону радио ва дигар намуди расонаҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ВАО ҳамкории хубу самаранокро ба роҳ монда, ҷиҳати тавсеаи он боз ҳам тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд».
«Ҳамин тариқ, 37 нафар хабарнигорон бо диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1500 то 6 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 17 феврали соли 2016 таҳти унвони «Хомаи созанда- 2016» аз рӯи бахшҳои «Соли фарди солим» ва масъалаҳои муҳими ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Соли 2016-соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ва «Таҳқиқоти журналистӣ» озмуни вилоятӣ эълон гардида буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: