Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардиданд.
Таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализода дар асоси иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» Иззатулло Давлатов сурат мегирад. Дар маҷмӯъ аз тарафи ин соҳибкори маҳаллӣ наздики 15 километр роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нозукиҳои лоиҳавӣ барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму таҷдиди роҳҳо ҳидоятҳои муфид доданд.
Дар асоси лоиҳа 9 кӯчаи таъмирталаби шаҳри Душанбе аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» навсозӣ карда мешаванд, ки 141 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегиранд. Дар кӯчаҳои таъмиршаванда барқарорсозии канорасангҳо ва ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ амалӣ гардида, асфалтпӯшкунии роҳҳо оғоз шуд.
Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» Тоҳир Ҳукуматов навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр идома дорад. То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расида, дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.
15 феврали соли равон ҳангоми мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло аз тарафи Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе навсозию бунёди 23,98 километр роҳ бо масоҳати 587 ҳазор метри мураббаъ идома дорад. Дар 12 қитъае, ки кор аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома дорад, аз техникаву технологияи муосири роҳсозӣ пурра истифода шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд.