Форуми иқтисодии сатҳи баланди СПЕКА-2019 ва ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА, ки 20 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон оғоз гардид, имрӯз идома меёбад. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ дастовардҳо ва имкониятҳои давлатро муаррифӣ намуда, бо мақсади рушди бештари муносибатҳои иқтисодӣ барои солҳои оянда як зумра ҳуҷҷатҳо, аз қабили Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, принсипҳои савдои устувор ва пешгирӣ намудани чораҳои ғайритарифӣ аз монеаҳо дар савдоро ба давлатҳо пешниҳод кард, ки онҳо аз ҷониби Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА қабул гардиданд.
Инчунин 19 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 14-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чаҳорчӯбаи ҷаласа З.Завқизода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкории минтақавӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, фаъолияти кумитаҳои миллии содагардонии расмиёти савдо, Равзанаи ягона, инчунин чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар»