Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вориди шаҳри Душанбе гардид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
15 июн Шавкат Мирзиёев дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.
АМИТ «Ховар»