Созишномаи сармоягузории ширкати «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» (ҶХХ) оид ба корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамидро вакилони Парлумон муҳокима намуданд

Субҳи имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид. Зимни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» (ҶХХ) оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанд, масъалаи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Тибқи лоиҳаи мазкур моддаи 289 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, таҳкими рақобати солим дар бозори дохилӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли ватанӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ бо кирдорҳои шахсони бо қочоқи молу маҳсулот машғулбуда, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет дар таҳрири нав пешниҳод карда мешавад.
Мувофиқи иттилои сардори хадамоти матбуоти Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: